Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фирори ҳазорон узбаки паноҳҷӯ аз Қирғизистон


Узбакистон мегӯяд, даҳҳо ҳазор узбаки паноҳҷӯ дар пайи низоъҳои хунини қавмӣ дар ҷануби Қирғизистон, ки 3 рӯз боз идома дорад, он кишварро тарк мекунанд. Бино ба хабарҳо, шумори кушташудагон дар низоъҳо байни қирғизҳову узбакҳо дар вилоёти Ӯшу Ҷалолобод қариб 100 нафар шуда, теъдоди захмиён аз 1000 гузаштааст.
Бино ба хабарҳо, ҳукумати муваққати Қирғизистон барои фурӯ нишондани низоъҳои қавмӣ дар ҷануби кишвар нирӯҳои изофии захиравиро эъзом карда, дирӯз ба нирӯҳои амниятӣ иҷозат дод, то таҳрикгарони ошӯбҳоро бипарронанд. Ҳукумати муваққат ҳамин тавр, дар тамоми вилояти Ҷалолобод низ қуюди шабгардӣ ҷорӣ кардааст.
The Human Rights Watch, як созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи башар, мегӯяд, зоҳиран мусаллаҳони қирғиз маҳалли сукунати узбакҳоро ҳадафи ҳамла қарор медиҳанд ва шумори зиёди манзилҳову дӯконҳо ва ошхонаҳои марбут ба узбакҳо ба коми оташ кашонида шудааст.
Дар ҳамин ҳол, раисиҷумҳури собиқи Қирғизистон Қурмонбек Боқиев бо пахши як изҳорот аз паноҳгоҳаш дар Беларус ҳар навъ даст доштани худ дар низоъҳои қавмӣ дар ҷануби ин кишварро радд кард. Боқиев гузоришҳо дар бораи даст доштанаш дар ин ҳаводисро “дурӯғи бешармона” ва ҳукумати муваққатро, ки ӯро дар моҳи апрел аз қудрат барканор карда буд, масъули ин ошӯбҳо унвон кард.
Амрико ҳам, ки дар Қирғизистон як пойгоҳи ҳавоӣ дорад, хостори барқарории зудтари сулҳу назм дар манотиқи ошӯбзадаи Қирғизистон шуд.
XS
SM
MD
LG