Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳу Ҷинтао дар Тошканд


Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз дар долонҳои нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой дар Тошканд бо Ҳу Ҷинтао, раиси Ҷумҳурии халқии Чин, мулоқот кард. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, раҳбарони Чину Тоҷикистон масоили марбут ба ҳамкориҳои ду кишварро баррасӣ карданд.
Эмомалӣ Раҳмон барои ширкат дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой имрӯз вориди Тошканд шуд. Дар ин сафар раисиҷумҳурро вазири умури хориҷа Ҳамроҳхон Зарифӣ, мушовири давлатӣ Эркин Раҳматуллоев, вазири умури дохила Абдураҳим Қаҳҳоров, вазири энерҷӣ ва саноат Гул Шералӣ ва вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов ҳамроҳӣ мекунанд.
Интизор меравад, ки дар нишасти дурӯзаи сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой масоили марбут ба таъмини амният ва авзоъ дар Афғонистон ва Қирғизистон баҳсу баррасӣ шавад. Қарор аст, ки дар ҷаласаи хотимавӣ Ҳомид Карзай ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, сарони Афғонистон ва Туркманистон, кишварҳои нозир дар Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой, ширкат кунанд.
Ба Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой Русия. Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон шомиланд.
XS
SM
MD
LG