Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Бишкек ба муфтии Қирғизистон ҳамла карданд


Дар Қирғизистон Суюн Ҳоҷӣ Қулуев-иҷрокунандаи мақоми муфтии ин кишвар баъд аз лату кӯб аз ҷониби афроди номаълум дар шифохонае дар Бишкек бистарӣ шудааст. Дар ин бора хонаводаи вай хабар додааст. Бино ба ин хабар, рӯзи якшанбе ҳангоми адои маросими мазҳабӣ тақрибан 10 нафар ба Қулуев ҳамла бурдаанд ва вай ҷароҳатҳои вазнин бардоштааст. Раҳматулло Норматов-муовини яке аз раёсатҳои вазорати дохилаи Қирғизистон гуфт:

"Мо аз ҳодисаи лату кӯби Қулуев хабар дорем. Вале гражданин Қулуев бо ариза ба ниҳодҳои вазорати дохила муроҷиат накардааст".

Дафтари матбуотии муфтиёти Қирғизистон мегӯяд, ононе, ки ба Қулуев ҳамла бурдаанд, ба Қулуев бо садои баланд таҳдид кардаанд, ки вай бояд аз мақомаш истеъфо диҳад. Қулуев дар ин авохир иҷрокунандаи мақоми муфтии Қирғизистон муаррефӣ шуда буд.
XS
SM
MD
LG