Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

4 сарбозони Русия барои дуздии пул маҳкум шуданд


Додситонҳои Русия мегӯянд, 4 сарбоз барои дуздии кортҳои бонкии мусофирони ҳавопаймои суқуткардаи Полша дар Смоленски Русия маҳкум шудаанд. Дар авоили моҳи апрел ҳавопаймои Лех Качинский-раиси ҷумҳури Полша дар наздикии фурудгоҳи Смоленск суқут карда буд. Хадамоти интизомии Русия мегӯянд, ин сарбозон барои кӯмак ба фурудгоҳи Смоленкск фиристода шуда буданд. Рӯзи душанбе бозрасони Полша гуфтанд, ки аз ҳисоби бонкии марҳум Анджей Прзевозник 1 700 доллар гирифта шудааст. Русия он вақт ин маълумотро рад карда буд.
XS
SM
MD
LG