Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Янукович мухолифи шинохти минтақаҳои ҷудоихоҳ аст


Виктор Янукович-раиси ҷумҳури Украина мегӯяд, вай мухолифи рафтори Русия дар шинохти ду ҷумҳурии ҷудоихоҳи Гурҷистон, яъне ҷумҳуриҳои Абхозистон ва Осетияи Ҷанубист.

"Мо ҳақ надорем аз равандҳое пазироӣ кунем, ки тамомияти арзии кишварҳоро дар ҷаҳон нақз мекунад, ба вижа шинохти минтақаҳои ҷудоихоҳро ба унвони кишварҳои мустақил".


Вай зимни суханони худ дар нишасти хабарии Киев гуфт, "Ман ҳеҷ гоҳ Абхозистону Осетияи Ҷанубӣ ва Косоворо чун кишвари мустақил ба расмият нашинохтаам. Ин нақзи қонунҳо ва муқаррароти байналмиллалист".
XS
SM
MD
LG