Пайвандҳои дастрасӣ

Нафти рехта ба соҳилҳои Флорида наздик шуд


Нафти хоми аз чоҳи тахрибшудаи ширкати British Petroleum ихроҷшуда фардо то ба соҳилҳои аёлати Флорида мерасад. Гуфта мешавад, Флорида чаҳорумин аёлати ИМА хоҳад буд, ки ба ҳайвоноту набототаш бар асари фоҷиаи муҳитизистӣ дар халиҷи Мексика таҳдиди аз байн рафтан таҳдид мекунад.
Аз ин пеш Эрик Ҳолдер, вазири адлияи Амрико, изҳор намуд, ки дар робита ба резиши нафти хом аз чоҳи тахрибшудаи ширкати British Petroleum парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ин ҳодиса 20 апрел рух дод ва ҳама талошҳо барои қатъи ихроҷи нафт ноком анҷом ёфтанд.
Бар асари ихроҷи нафт аз чоҳи тахрибшудаи ширкати “Бритиш петролеум” миқдори бузурги нафти хом ба обҳои халиҷи Мексика рехтааст ва он “бузургтарин фоҷиаи муҳитизистӣ” дар Амрико ном бурда мешавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG