Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай Толибонро бародар хонд ва ба сулҳ даъват кард


Имрӯз дар лаҳзаҳое, ки Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон дар Кобул ҷиргаи сарони қабоилу ақвоми Афғонистонро ифтитоҳ мекард, нируҳои амниятӣ дар наздикии маҳали баргузории ҷирга бо шӯришиён, аз ҷумла бо як бамгузори интиҳорӣ, вориди даргирӣ шуданд. Ҳомид Карзай дар маросими ифтитоҳ гуфт:

"Ман бори дигар аз шумо бародарони азизи Толиб даъват мекунам, ки баргардед, ин сарзамини шумост. Агар ман гуноҳе дорам, онро қабул мекунам. Вале агар иштибоҳ аз шумост, шумо аз ин роҳ баргардед. Лутфан кӯдакони моро накушед, даъвати сулҳро бипазиред. Аз хориҷиҳо худро раҳо кунед. Имрӯз онҳо ба шумо аслиҳа додаанд, вале фардо шуморо ба зиндон меадозанд. Ин чӣ гуна ҷиҳод аст?"

Сухангӯи нируҳои НАТО гуфт, дар наздикии хаймаи бузурги ҷирга чанд нафар аз шӯришиён ҳадафи тир қарор гирифтаанд. Пулиси Кобул мегӯяд, ки 2 нафар шӯришӣ кушта ва як нафари дигар боздошт шудааст. Ба як нафар аз бамгузорони интиҳорӣ муяссар шудааст, ки дар садметрии хайма бамеро мунфаҷир кунад. Дар ин инфиҷор худи бамгузори интиҳорӣ кушта шудааст. Пулиси Афғонистон мегӯяд, ки чанд нафар аз тундравҳо бо рӯсарӣ тавонистаанд ба маҳали хаймаи ҷирга ворид шаванд ва норинҷак партоб кунанд. Толибон, ки қаблан мегуфтанд, ҳар кас, ки дар ин ҷирга ширкат кунад, кушта хоҳад шуд, масъулияти ин ҳамлаҳоро бар ӯҳда гирифтаанд. Ҷиргаи сарони қабоил се рӯз давом мекунад ва дар он масъалаи сулҳи Афғонистон баррасӣ мешавад. Дар ин ҷирга ҳудуди 1600 нафар ширкат доранд.
XS
SM
MD
LG