Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қонуни муҳосибаи муассисаҳои давлатӣ ба тасвиб расид


Бино ба иттилои хабаргузориҳои маҳаллӣ, Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон аз вазорати молияи ин кишвар хостааст, ки ҳангоми таҳияи пешнависи будҷаи давлатии Тоҷикистон эҳтиёткор бошанд. Имрӯз дар иҷлоси порламон қонун "Дар бораи идораи умури молӣ ва контроли дохилӣ дар муассисаҳои давлатӣ" ба тасвиб расид. Акнун тибқи ин қонун дар вазоратхонаҳо ва соири муассисаҳои давлатӣ муҳосиба ё аудит анҷом мегирад. Баъзе намояндагони порламон таъкид карданд, ки барои ин кор вақти зиёд ва нируи изофӣ сарф мешавад.
XS
SM
MD
LG