Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътироз ба ширкати Мутаккӣ дар иҷлоси парлумони Аврупо


Як вакили парлумони Аврупо вазири хориҷаи Эрон Манучеҳри Мутаккиро ҳамагӣ чанд лаҳза пеш аз вуруди ӯ ба толори парлумон “қотил” номид. Вакили муҳофизакор аз Бритониё Струан Стивенсон дар даст акси Нидо Оқосултон, як донишҷӯи эронии дар ҷараёни эътирозҳои пасоинтихоботии Эрон кушташударо дошт ва гуфт, қотил Мутаккист.
Як идда аз вукалои дигар аз Итолиёву Испания ва Эстония низ алайҳи ширкати Манучеҳри Мутаккӣ дар ҷаласаи пушти дарҳои бастаи кумитаи равобити хориҷии парлумони Аврупо эътироз карданд. Мутаккӣ аммо дар анҷом ҷаласа нгуфт, ки бо вакилон баҳси ошкоро ва то ҷое дӯстона доштааст.
XS
SM
MD
LG