Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нашри матни сӯҳбати халабонҳои ҳавопаймои Лаҳистон


Лаҳистон матни ҷузъиёти сӯҳбатҳои охирин лаҳазоти қабл аз суқути ҳавопаймои ҳомили раиси ин ҷумҳурӣ Лех Качинский дар осмони Смоленски Русияро нашр кард. Суқути ин ҳавопаймо дар таърихи 10 апрел мунҷар ба ҳалокати 95 нафар, аксар нухбагони сиёсиву низомии Лаҳистон шуд.
Матнҳои нашршуда ҳокист, ки халабонҳои ҳавопайморо дастикам 10 маротиба ҳушдор додаанд, ки онҳо метавонанд суқут кунанд. Охирин садои сабтшуда дар кобини халабонҳо дашноми нафарест, ки ҳуввияташ мушаххас нашудааст.
XS
SM
MD
LG