Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нақшаи даъват ба артиши Тоҷикистон иҷро шудааст


Маъракаи баҳории даъват ба суфуфи нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ба поён расид. Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи вазорати дифоъи Тоҷикистон гуфтааст, нақшаи даъвати баҳорӣ то дирӯз, ки охирин рӯзи ин маърака буд, 100 дарсад иҷро шудааст. Даъвати баҳорӣ ба суфуфи артиши Тоҷикистон бо фармони раисиҷумҳур аз 9 март то 31 май идома дошт.
XS
SM
MD
LG