Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талко муҳосибаи дороии худро ба поён расондааст


Бино ба иттилои хабаргузории "Азия Плюс", ширкати Талко муҳосибаи мустақилонаи масорифи молии худро ба поён расондааст. Ширкат гуфтааст, бино ба ин муҳосиба, дороии аслии молии ширкат ҳисоб шудааст ва он ба муқаррароти байналмиллалии муҳосиба мутобиқат мекунад. Ин муҳосибаро як ширкати амрикоӣ бо номи «American Appraisal (AAR) inc» анҷом додааст. Дороии ин ширкат 3,15 миллиард ҳисоб шудааст. Арзиши кор дар соли 2008-ро 630 миллион доллар арзёбӣ кардаанд.
XS
SM
MD
LG