Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокуниши Туркия ба амалиёти Исроил


Эътирозҳои шадиди байналмиллалӣ пиромуни амалиёти нируҳои дарёии Исроил , ки дастикам 10 нафар фаъолони фаластиниро кушта бар ҷой гузоштааст, афзоиш меёбад. Ин амалиёт бар зидди корвони кӯмакҳо ба навори Ғаза анҷом гирифт. Салим Йенел-муовини вазири корҳои хориҷаи Туркия дар ҳушдоре ба сафири Исроил дар Туркия гуфт, чунин рафтор ба муносиботи миёни ду кишвар "хисороти ҷуброннопазир" хоҳад расонд:

"Ин кор дар обҳои байналмиллалӣ рух дод ва он нақзи хашини муқаррароти байналмиллалӣ дониста мешавад. Мо сафири Исроилро ба ин ҷо эҳзор кардем. Мо гуфтем, ки ин нақзи хашини муқаррароти байналмиллалст, зеро ин корвоне буд, ки танҳо кӯмакҳои башарӣ мебурд. Ин иқдоми сулҳомез буд ва он дар ҳар сурат қобили пазириш нест".

Низомиёни Исроил мегӯянд, корвони киштиҳои кӯмак саъй кардааст, муҳосираи чаҳорсолаи Навори Ғазаро бишканад, вале киштии низомии Исроил аз он пешгирӣ кардааст. Як созмони хайрияи Туркия, ки ин корвони кӯмакро ҳамроҳӣ мекард гуфтааст, ки дар ҷараёни амалиёт дастикам 15 нафар кушта шудаанд ва аксари онҳо туркҳо будаанд. Корвони киштиҳо 10 000 тон орд ва тақрибан 700 нафар фаъолони ҷонибдори Фаластинро аз Туркия ба Навори Ғаза интиқол медод. Дэнни Эйалон-муовини вазири корҳои хориҷаи Исроил гуфтааст, дар ин киштиҳо аслиҳа низ пайдо шудааст. Ба нишонаи эътироз бар зидди ин ҳодиса имрӯз дар назди консулгарии Исроил дар Истамбул тазоҳуроти ғазаболуд баргузор шудааст. Туркия ба таври фаврӣ ҷаласаи ниҳодҳои амниятии худро даъват кардааст.
XS
SM
MD
LG