Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳизби Саакашвилӣ дар Тифлис баранда мешавад


Натоиҷи экзит –поллҳо, ё худ назарсанҷиҳои пешакӣ дар интихоботи дирӯзаи мақомоти маҳаллии Гурҷистон ҳокист, ки Ҷунбиши миллии раиси он ҷумҳурӣ Михаил Саакашвилӣ дар интихоботи маҷлиси пойтахт, шаҳри Тифлис тақрибан 60 дарсади ороро ба даст оварда ва номзади ин ҷунбиш шаҳрдори кунунии Тифлис Гигӣ Угулава мақомашро ҳифз мекунад.
Телевизиони Руставӣ-2 хабар дод, ки рақиби аслии Угулава- Ираклий Алазания ҳамагӣ 17 фоиз ва ҳизби Эътилоф барои Гурҷистони ӯ дар интихоботи маҷлиси пойтахт 16 дарсади ороро соҳиб шудааст. Дар интихоботи дирӯза аҳзоби Гурҷистон барои тақрибан 1730 мақом дар 64 маҳалл вориди сабқат шуданд, вале натоиҷи экзит-поллҳо аз соъир манотиқи ин кишвари Қафқоз ҳанӯз дастрас нест.
XS
SM
MD
LG