Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагӣ ба даври нави эмкунӣ дар Тоҷикистон


Дар Тоҷикистон аз 1 июн даври севвуми маъракаи саросарии эмкунӣ аз бемории сироятии полиомелит, ё худ фалаҷи кӯдак, оғоз хоҳад шуд. Тайи даври севвум ва чоруми ин маърака, ки мутаносибан аз 1 то 5 июн ва аз 15 то 19 июн идома хоҳад ёфт, эмкунии атфоли то 15-сола дар назар дошта шуда, ба ин манзур ба кишвар беш аз 6 миллион воксини зидди полиомелит овардаанд.
Дар ду даври аввали ин маърака дар моҳи май беш аз 1 миллион кӯдаки то 5-сола аз фалаҷи кӯдак эм гирифтанд.
Душанбе то имрӯз 437 мавриди фалаҷи кунд ва 129 мавриди вируси полиомелитро таъйид кардааст.
XS
SM
MD
LG