Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вэн Сзябао: низоъи Пхенян ва Сеул бояд зуд ҳал шавад


Вэн Сзябао, раиси ҳукумати Чин изҳор намуд, ки низоъ миёни Кореяи Шимолӣ ва Кореяи Ҷанубӣ дар робита ба суқути киштии низомии “Чхонан” "бояд ҳарчӣ зудтар ҳал шавад". Ин изҳорот дар поёни нишасти дурӯзаи раҳбарони Чин, Ҷопон ва Кореяи ҷанубӣ пахш шуд. Раиси ҳукумати Чин Вэн Сзябао, раисҷумҳури Кореяи Ҷанубӣ Ли Мен Бак ва сарвазири Ҷопон Юкио Хатояма дар ҷазираи Чзечзуи Кореяи Ҷанубӣ масоили гуногун, аз ҷумла, авзоъ дар нимҷазираи Кореяро баррасӣ карданд.
Таниш дар нимҷазираи Корея баъди он жарф шуд, ки комиссиюни мустақили байнулмилалӣ ғарқ шудани киштии низомии “Чхонан”-и Кореяи Ҷанубӣ бар асари ҳамлаи киштии зериобии Кореяи Шимолиро собит кард. Дар ин ҳодиса, ки ду моҳ қабл рӯх дода буд, 46 маллоҳ ба ҳалокат расиданд.
Мақомоти Кореяи Шимолӣ даст доштани низомиёнашон дар суқути киштиро рад намуда ва ҳушдор доданд, ки дар сурати таҳмили таҳримҳои нави байнулмилалӣ болои кишвар алайҳи Кореяи ҷанубӣ ҷанги воқеъӣ эълон хоҳанд кард. Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон ва ИМА талош доранд, ки пуштибонии Чин аз таҳримҳои нави Шӯрои Амнияти СММ алайҳи Пхенянро ба даст оваранд.
XS
SM
MD
LG