Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

70 кушта дар амалиёти масҷиди ақалиятҳои Аҳмадӣ


Мардони мусаллаҳ, ки камарбандҳои мунфаҷира ба бар кардаанд, ба ду масҷиди ақалиятҳои исломӣ дар шаҳри Лоҳури Покистон ҳамла бурдаанд ва дастикам 70 нафарро ба қатл расондаанд. Ин ҳамла имрӯз дар маҳаллаи Гарши Шоҳу дар шаҳри Лоҳур анҷом гирифт. Пулиси Покистон назорат бар як масҷидро дар ихтиёр гирифтааст ва 2 ҳамлакунанда боздошт шудааст. Бино ба гузоришҳо, муқовемат дар масҷиди Гарши Шоҳу барои он ба дарозо кашидааст, ки ҳамлакунандагон чанд нафарро гаравгон гирифтаанд. Ҳарду масҷид ба ақалияти аҳмадиҳо тааллуқ дорад. Ин ақалиятҳоро бо номи Қадиёнӣ низ мешиносанд ва онҳо даҳҳо ҳазор пайрав доранд. Ақалияти Аҳмадӣ дар қарни 19 ташкил шудааст ва ҳоло дар саросари ҷаҳон тақрибан 4 миллион пайрав дорад.
XS
SM
MD
LG