Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъватҳои Афви Байнулмилал аз Русия, ИМА ва Чин


Созмони Афви Байнулмилал аз Русия, Чин ва Иёлоти Муттаҳида даъват кард, ба Додгоҳи байнулмилалии ҷиноӣ, ягона додгоҳи мустақили доимамалкунанда, ки наслкушӣ, ҷиноятҳои зиддибашарӣ ва ҳарбиро баррасӣ мекунад, бипайванданд. Дар гузориши солонаи худ, ки имрӯз нашр шуд, Афви Байнулмилал инчунин аз Ҳиндустон, Индонезӣ, Арабистони Саудӣ ва Туркия низ узвияташон дар ин додгоҳро хостор шуд. Клаудио Кордон, раҳбари муваққати Афви Байнулмилал гуфт, дар ҳоле ки бисёре аз кишварҳо худро болотар аз қонун мегузоранд ё аз ҳампаймонҳои сиёсии худ ба ҷои ба додгоҳ кашондани онҳо, ҳимоят мекунанд, шароите ба миён меояд, ки онро метавон, холигоҳи адолати ҷаҳонӣ унвон кард:

"Ҳукуматҳои тавоно, бо вуҷуди шиорҳояшон, дар ҳоле ки аксаран аз аҳамияти ҳуқуқи инсон ва мубориза бо беҷазо мондани гунаҳкорон ҳарф мезананд, дар лаҳзаи ҳалкунанда, амалан аз меъёрҳои дугона кор мегиранд."

Афви байнулмилал аз азияти мардум дар Афғонистон бар аасари ҷанг, фишори Чин ба дигарандешӣ, саркӯбгарии Эрон баъд аз эътирозҳои пасоинтихоботӣ, таъқиби норозиён дар Русия ва боқӣ мондани боздоштгоҳи Гуантанамо дар Иёлоти Муттаҳида изҳори нигаронӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG