Пайвандҳои дастрасӣ

Эътирози Амрико аз вокуниши Бритиш Петролиум


Ҳукумати Иёлоти Муттаҳида аз расидагии ширкати "Бритиш Петролиум" ба бурунрафти нафт аз лӯла дар Халиҷи Мексик интиқод кард. Вазири умури дохилии Амрико Кен Салазар мегӯяд, агар Вашингтон ба натиҷае расад, ки вокуниши "БП" кофӣ набудааст, онро ихроҷ хоҳад кард. Вай гуфт: "Ман хашмгин ва афсурдаам, ки "БП" натавонист таровиши нафт ва олудагиро боздорад. Мо 33 рӯз аст, ки дар ин ҳолатем ва як мӯҳлатро мӯҳлати дигар ба таъвиқ меандозад."
Қарор аст, 27-уми май дар бораи вазъ дар маҳалли офат ба раисиҷумҳури Амрико Барак Обама гузориш дода шавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG