Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аҳли хонаводаи Зикрулло Хоҷаев, сокини шаҳри Хуҷанд, пирӯзии ӯро дар додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо чун як пайғоми деринтизор қабул карданд.

Ҷустуҷӯи манзил ва аҳли байти Зикрулло Хоҷаев, ки Хуҷандро соли 2001 тарк кардааст, хеле ба душворӣ даст дод. Манзили вайро, воқеъ дар як маҳаллаи канори Хуҷанд дарбаста ёфтам. Баъди кофтуков ва ҷустуҷӯи зиёд бегоҳ рақами телефони бародари Зикрулло – Хайруллоро пайдо кардам.

Хайрулло гуфт, паёми раҳоии бародараш аз боздошти Русияро нав аз Озодӣ мешунавад ва ин паёмест, ки шунидани онро тӯли се сол падару модар, ҳамсару ду духтари хурдсоли Зикрулло интизорӣ доштанд. Ӯ гуфт, бо бародараш аз бози ҷудоӣ дар соли 2001 дидор надошт, аммо ахиран хабар ёфта буданд, ки сиҳати ҷисмониву равониаш дар маҳбаси Русия хароб шуда, аз бемории бавосири мақъад (геморрой) азият мекашад. Ин хабар аҳли хонаводаро хеле ба хавотир андохта буд.

Ба гуфтаи Хайрулло, бародари ӯ як ҷавони фаъол ва меҳрубон буд, ихтисоси муҳандиси сохтмон дошт ва то замони боздошт дар Маскав дар сохтмон кор мекард ва ёриҳои пуливу молии худро аз аҳли байту дӯстонаш дареғ намедошт.

Пирӯзии Зикрулло Хоҷаев бар Русия

Ҳизб-ут–таҳрир дар охирҳои даҳаи навади асри гузашта бо даъвати барпо кардани хилофати исломӣ дар Тоҷикистон, умдатан қисмати шимолии он, ба арсаи фаъолият ворид шуд. Мақомоти ин кишвар ақидаи ин ҳаракати мазҳабиро барои сохтори қонунии кишвар хатарангез хонда, алайҳи аъзои он муборизаи беамон эълон карданд. Фаъолияти ин созмон чун як ҳаракати тундрав аз ҷониби Додгоҳи олии Тоҷикистон мамнӯъ эълон гардид. Бар пояи маълумоти расмӣ, то кунун ҳудуди 400 узви ҲТ боздошт ва зиндонӣ шудаанд. Вале боздоштшудагони ба ин иттиҳом дар ҷараёнҳои додгоҳӣ борҳо аз муносибатҳои бераҳмона ва мавриди азобу шиканҷа қарор гирифтани худ дар зимни таҳқиқи аввалияи парванда ва таҳмили ин айб бар дӯшашон шикоят карда буданд.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти Суғд аз қазиаи Зикрулло Хоҷаев дар Русия ва додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо изҳори беиттилоъӣ мекунанд. Рауф Юсупов, сардори идораи корҳои дохилии Суғд, дар суҳбати бидуни микрофон ба Озодӣ гуфт, номи чунин шахс дар рӯйхати афроде, ки аз ҷониби ин мақомот дар пайи фаъолият дар гурӯҳу ҳаракатҳои тундрав таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор гирифтаанд, нест. Аммо генерал Юсупов эҳтимоли онро, ки парвандаи ин нафарро ниҳоди дигаре боз ва таҳқиқ карда, сипас боздошт ва истирдоди ӯро аз Русия тақозо карда бошад, рад накард.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Суғд моҳи апрели соли равон эълон карда буданд, ки пулиси Русия бо тақозои додситонии кулли Тоҷикистон ду сокини Суғдро бо айби узвият дар ҲИУ дар Маскав боздошт кардаааст ва сари истирдоди онҳо миёни мақомоти ин ду кишвар гуфтугӯ меравад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG