Пайвандҳои дастрасӣ

Мухолифати Шӯрои Арманистон ба таълим бо забони хориҷӣ


Шӯрои ҷамъиятии Арманистон аз порлумон ва президенти кишвар даъват кард, қонуни нави маорифро, ки ба ташкили мактабҳои забони таълимашон хориҷӣ дар Арманистон иҷоза медиҳад, рад кунанд. Тарҳи нав қонуни соли 1990-и Арманистонро, ки таълим дар мактабҳо бояд танҳо бо забони арманӣ сурат гирад, бекор мекунад. Муаллифони қонун гуфтаанд, иҷозаи таълим ба забонҳои дигар заминаи рушди маориф мешавад. Вале намояндагони саршиноси илм ва фарҳанги Арманистон мегӯянд, тарҳи нав зарбае ба забони миллӣ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG