Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси Хадамоти миллии кашфи ИМА ба истеъфо меравад


Раиси Хадамоти миллии кашфи ИМА Дэннис Блэр ба истеъфо меравад. Дар бораи ин тасмим ӯ ба раисиҷумҳур Барак Обама хабар додааст. Сабаби истеъфои Дэннис Блэр ҳанӯз маълум нест.
Хадамоти миллии кашфи Амрико моҳҳои ахир, баъд аз талоши террористон барои тарконидани ҳавопаймои амрикоӣ дар моҳи декабри соли гузашта ва як мошини ҳомили маводи тарканда дар маркази Ню-Йорк рӯзи якуми майи соли равон, таҳти заррабини ҳукумат қарор дошт. Ин хадамот фаъолияти 16 идораи иктишофии кишварро ҳамоҳанг месозад.
XS
SM
MD
LG