Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттилои духела дар бораи гуфтушуниди Кобул бо Толибон


Ҳукумати Афғонистон мегӯяд, дар гуфтушунид бо Толибон, ки бино ба хабарҳо бояд дар ҷазираҳои Молдив ҷараён ёбад, ширкат надорад. Сузангӯи раёсатҷумҳурии Афғонистон Ваҳид Умар ба хабаргузории Франс Пресс гуфтааст, Кобул аз ин музокирот огоҳ аст, аммо дар онҳо ҳимоят намекунад. Вай афзуд, ҳукумати Афғонистон дар мавриди оштӣ бо Толибон барномаҳои хоси худро дорад. Аммо сухангӯи раёсатҷумҳурии Молдив гуфт, мулоқоти ҳайатҳои давлати Афғонистон ва Толибон дар Молдив имрӯз оғоз меёбад. Даври пешии чунин музокирот дар Молдив дар моҳи январ дар арафаи конфаронси масоили Афғонистон дар Лондон баргузор гашта буд.
XS
SM
MD
LG