Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди қурбониёни ҳаводиси Бангкок мушаххас нест


Дар шаҳри Бангкок, пойтахти Таиланд, бар асари парокандасозии намоишҳои мухолифин аз сӯи нерӯҳои амниятӣ, тибқи иттилоъи хабаргузориҳо, аз 6 то 12 нафар ба ҳалокат расиданд. Миёни қурбониён як хабарнигори итолиёвӣ низ ҳаст. Дар ин ҳодиса даҳҳо нафар, аз ҷумла, чанд шаҳрванди хориҷӣ ҷароҳат бардоштанд. Дар пойтахт қуюди шабгардӣ ва дар беш аз 20 вилояти Таиланд вазъи фавқулодда эълон шудааст. Эътирозгарон як маркази тиҷоратӣ, биржа ва чанд бонкро ба оташ кашиданд. Раҳбарони мухолифин баъд аз шурӯъи амалиёти нерӯҳои амниятӣ аз ҷонибдоронашон даъват карданд, ки пароканда шаванд.
“Сурхпироҳанҳо”-и ҷонибдори сарвазири собиқ Таксин Шиноват аз авоили моҳи апрел ба ин сӯ истеъфои ҳукумат ва баргузории интихоботи қабл аз вақти парлумониро талаб мекарданд.
Сарвазири Таиланд Абсихит Ветчичава рӯзи чаҳоршанбе дар суханронӣ аз тариқи телевизион гуфт, ки ҳукумат барои барқарорсозии суботу низоми комил дар кишвар тасмим гирифтааст.
XS
SM
MD
LG