Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бразилия ва Туркия ба эъмоли таҳримҳо мухолифанд


Бразилия ва Туркия, аъзои даврии Шӯрои амнияти СММ, тақозо доранд, ки эъмоли таҳримҳои нав болои Эрон мавқуф гузошта шавад. Дирӯз панҷ кишвари узви доимии Шӯрои амният ба иловаи Олмон тарҳи қатънома оид ба таҳримҳои нав алайҳи Эронро ба Шӯрои амнияти СММ ироа карда буданд. Қатъномаи нав, аз ҷумла, ташдиди таҳримҳо алайҳи бархе аз сохторҳои молиявӣ ва муассисаҳои эрониеро дар назар дорад, ки бо барномаи ҳастаии кишвар пайванд доранд.
Ин тарҳ ба Шӯрои амнияти СММ як рӯз баъд аз он пешниҳод гардид, ки Эрон барои табодули сӯхти ҳастаияш дар қаламрави Туркия розӣ шуд. Ва аммо ИМА, Иттиҳодияи Аврупо, Русия ва Чин ин чораҳоро барои исботи аҳдофи сулҳомези барномаи ҳастаии Эрон нокофӣ мехонанд. Эрон аз сӯи кишварҳои ғарбӣ дар талоши дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ гумонбар мешавад.
Муовини раисиҷумҳури Эрон Алӣ Акбар Солеҳӣ ахиран аз мавқеъи кишварҳои ғарбӣ дар баробари барномаи ҳастаии кишвараш интиқод кард.
XS
SM
MD
LG