Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати Фаронса тарҳи қонуни рӯсариро писандид


Имрӯз кобинаи ҳукумати Фаронса пешнависи қонунро дар бораи манъи рӯсарии занона дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ба тасвиб расонд. Рӯсарӣ дар баъзе кишварҳо либоси исломӣ дониста мешавад ва аз он бурқа низ ном мебаранд. Агар касе ин моддаи қонунро риоят накунад 150 евро ҷарима мешавад. Гузашта аз, агар касе занонро маҷбур кунад, ки рӯяшонро пӯшонанд, то як соли зиндон маҳкум ва ё ба маблағи 15 000 евро ҷарима мешаванд. Қарор аст порламони Фаронса пешнависи ин қонунро тирмоҳ ба райдиҳӣ гузорад.
XS
SM
MD
LG