Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Верховная Рада ба вуруди низомиёни хориҷӣ розӣ шуд


Парлумони Украина бо аксари раъйҳо тасмими раисиҷумҳур Виктор Янукович дар бораи иҷозаи вуруди низомиёни хориҷӣ ба қаламрави кишвар ба хотири баргузории тамринҳои ҳарбиро пазируфт. Алайҳи ин тасмим фақат комунистҳо овоз доданд.
Ба иттилоъи вазорати дифоъи Украина, соли равон дар кишвар баргузории беш аз 20 тамрини байнулмилалӣ бо ширкати низомиёни украинӣ ба нақша гирифта шудааст.
Соли гузашта Верховная Рада ҳамин гуна қонуни аз сӯи раисиҷумҳури вақт Виктор Юшенко пешниҳодшударо рад карда буд.
XS
SM
MD
LG