Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати ҳафт низомии НАТО дар Афғонистон


Шабонарӯзи гузашта дар Афғонистон ҳафт низомии нерӯҳои НАТО ба ҳалокат расиданд. Панҷ сарбози амрикоӣ ва як полковник аз Канада бар асари таркиши мошин дар Кобул кушта шуданд. Ин ҳамла мунҷар ба ҳалокати 18 нафар гардид, беш аз 50 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Боз як низомии нерӯҳои байнулмилалӣ рӯзи сешанбе дар ҷануби Афғонистон бар асари инфиҷори мина ҷон бохт.
Аз оғози сол дар Афғонистон 209 низомии хориҷӣ ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG