Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Душанбе 37-ӯмин иҷлоси вазирони СКИ идома дорад


Имрӯз дар Душанбе 37-ӯмин иҷлоси Шӯрои вазирони корҳои хориҷаи кишварҳои узви Созмони Конфронси Исломӣ ба кор оғоз кард. Дар он намояндагони бештар аз 80 кишвари узв ва созмонҳову кишварҳои нозир ширкат доранд. Дар маросими гушоиши ин иҷлос Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон суханронӣ кард ва ҳамкориҳои молӣ дар чаҳорчӯбаи ин созмонро муҳим хонд. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин ба нақши ин созмон дар таъмини амният дар минтақа, аз ҷумла дар Афғонистон, таъкид кард. Интизор меравад, ки дар иҷлоси серӯза вазирони кишварҳои узв масъалаҳои дигари сиёсӣ, иқтисодӣ ва минтақаиро баррасӣ кунанд. СКИ соли 1969 ташкил шудааст ва дар он 57 кишвари мусулмоннишин узвият доранд. Тоҷикистон соли 1992 дар Кособланкаи Марокаш ба узвияти ин созмон даромад.
XS
SM
MD
LG