Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кохи Сафед ба татбиқи созиш шубҳа дорад


ИМА ба татбиқи созиш оид ба табодули сӯхти ҳастаӣ, ки ахиран дар Теҳрон ҳосил шуд, шубҳа дорад. Тибқи тавофуқе, ки бо миёнҷигарии раисиҷумҳури Бразилия ва сарвазири Туркия ба даст омад, Эрон 1500 килограмм урани худро барои ғанисозӣ ба Туркия интиқол медиҳад ва дар иваз барои реактори пажӯҳишии Теҳрон маводи сӯхт мегирад. Роберт Гибс, сухангӯи Кохи Сафед дар робита ба ин созиш гуфт, ки "қабл аз ҳама ин пешниҳод бояд ба Оҷонси байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ ироа шавад. Оҷонс онро арзёбӣ ва таҳия мекунад ва ба ҷомеъаи ҷаҳонӣ пешкаш менамояд. Ва аммо ин нияти мо дар роҳи водор сохтани Теҳрон барои иҷрои ӯҳдадориҳои байнулмилалии худ, агар зарур бошад, тавассути таҳримҳоро, тағйир намедиҳад".
Дар изҳороти Кохи Сафед гуфта шудааст, ки Эрон барои намоиши сулҳомез будани барномаи ҳастаияш бояд аз гомҳои ҷиддитар кор бигирад.
XS
SM
MD
LG