Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон ба табодули сӯхти ҳастаӣ ризоият дод


Эрон бо миёнҷигарии сарони Бразилия ва Туркия ба табодули сӯхти ҳастаӣ ризоият дод. Эрон мегӯяд, 1 500 килограм урани кам ғанигардонишударо ба Туркия интиқол медиҳад ва дар иваз барои реактори пажӯҳишии Теҳрон маводи сӯхт мегирад. Ҷузъиёти бештари ин қарордод, ки дар гуфтушуниди раисиҷумҳури Бразилия Луис Инасио Лула да Силва, сарвазири Туркия, Раҷаб Тайиб Эрдуғон ва президенти Эрон Маҳмуди Аҳмаднажод ба даст омад, ҳанӯз маълум нест. Созиши Эрон дар ҳоле ҳосил шудааст, ки Шӯрои Амнияти Созмони Милал ба эълони таҳримҳои нави зидди Теҳрон омодагӣ мегирифт. Вазири умури берунаи Туркия Аҳмад Довудоғлу пас аз мулоқоти сеҷониба дар Теҳрон ба хабарнигорон гуфт, дигар ба таҳримҳои нав ниёзе намондааст.
XS
SM
MD
LG