Пайвандҳои дастрасӣ

Одамрабоии дастаҷамъона дар Покистон


Мақомоти Покистон мегӯянд, ситезаҷӯён дар минтақаи ноороми ҳаммарз бо Афғонистон 60 нафарро рабудаанд. Одамрабоӣ дар минтақаи Чапррай дар ҳоле ба вуқӯъ пайваст, ки мусаллаҳон корвони мошинҳоро боздоштанд ва онҳоро ба самти ноамълум бурданд. Аксари рабудшудагон афроди осоишта мебошанд, вале гумон меравад, ки бархе аз кормандони давлат низ дар байни онҳо ҳастанд. Нерӯҳои амниятӣ ба ҷустуҷӯи одамрабоянд сар кардаанд.
XS
SM
MD
LG