Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти раҳбарони Юнону Туркия анҷом ёфт


Музокироти дурӯзаи сарвазирони Юнону Туркия дар Афина ба поён расид. Георгиу Папандреу ва ҳамтои турки ӯ Раҷаб Таййиб Эрдуғон дар поёни ин музокирот гирди як хони зиёфат бо ҳам мулоқот карданд. Рӯзи ҷумъа музокироти ду кишвар асосан рӯзи тавсиъаи тиҷорат ва коҳиши масрафоти низомӣ ба манзури оддӣ сохтани равобити тайи даҳсолаҳо танишомези Юнону Туркия тамаркуз карда буд. Эрдуғон тайи 6 соли охир нахустин раҳбари давлати Туркия аст, ки аз Юнон дидан кард. Ӯро дар ин сафари таърихӣ ҳайъати бузурги 400-нафарие иборат аз 10 вазир ва тақрибан 150 соҳибкор ҳамроҳӣ мекард.
XS
SM
MD
LG