Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии артиш ба поккории маркази Бангкок


Артиши Таиланд як бахши маркази Бангкок пойтахти ин кишварро “минтақаи оташ” эълон кард. Ин дар ҳолест, ки задухӯрдҳо бо тазоҳургарони мухолифи давлат, ки дар ин минтақа ба сохтани баррикадаҳо шурӯъ кардаанд, идома дорад. Хабарҳои расида ҳокист, ки сарбозон шояд алайҳи тазоҳургарон тир кушоянд. Задухӯрдҳое, ки то кунун мунҷар ба ҳалокати 16 нафар шудааст, рӯзи паншанбе дар Бангкок бо сахт захмӣ шудани фармондеҳи амалии артиши Таиланд аз тири эътирозгарон оғоз ёфт. Дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун хостори хатми ҷангҳои хиёбонӣ дар Таиланд шудааст.
XS
SM
MD
LG