Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

15 миллион $ кӯмаки нави Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон


Бонки ҷаҳонӣ дар чаҳорчӯби кӯмакҳои оҷилаш ба манзури эҳёи бахши энержии Тоҷикистон боз 15 миллион доллар кӯмаки билоиваз ироа мекунад. Дафтари Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе мегӯяд, ин маблағ аз ҳисоби Иттиҳодияи байналмилалии рушд ва ба манзури рафъи авоқиби хуруҷи Узбакистон аз шабакаи ягонаи нирӯи барқи Осиёи Марказӣ ҷудо мешавад.
Гуфта мешавад, ин кӯмаки ҷадид ба хотири таъмини дастрасии 250 000 сокини шимоли Тоҷикистон ба манобеъи энержӣ масраф хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG