Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин бозӣ ва нахустин пирӯзии "Вахш" дар Ҷоми АФК


Дастаи футболи "Вахш"- қаҳрамони футболи Тоҷикистон дар бозии нахустини худ дар мусобиқоти интихобии Ҷоми раиси АФК дар шаҳри Янгони Мянмар ба дарвозаи рақибаш дастаи Шри-Ланка шаш гол зад. Қисми аввали бозии "Вахш" бо дастаи "Ренаун Спортс Клаб"-и Шри-Ланка бидуни гол анҷом ёфт. Вале дар оғози қисми дуввум Рустам Усмонов ҳисобро боз кард. Баъд аз як дақиқа Алексей Неъматов голи дуввумро зад. Пас аз як дақиқаи дигар Нӯъмон Ҳакимов-сардори дастаи "Вахш" ҳисобро ба 3:0 расонд. То анҷоми бозӣ Аҳтам Ҳамроқулов як голи дигар ва Рустам Усмонов ду голи дигар зада, ҳисобро 6:0 карданд. Бо ғалабаи нахустин "Вахш" дар садри ҷадвали гурӯҳаш қарор гирифт ва пагоҳ, 12-уми май бо қаҳрамони Покистон дастаи "Озмоишгоҳи Хон" бозӣ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG