Пайвандҳои дастрасӣ

Идомаи гуфтушунидҳои ташкили ҳукумат дар Британия


Рӯзи савум аст, сарони Ҳизби муҳофизакор ва либерал-демократҳои Британия дар масъалаи ташкили ҳукумати эътилофӣ гуфтушунид доранд. Муҳофизакорон дар интихобот пирӯз шуданд, аммо аксарияти кофии курсиҳоро ба даст наоварданд ва маҷбуранд бо Ҳизби либерал демократ, ки ҷои савумро гирифт, иттиҳод кунанд. Пас аз 13 соли ҳокимият Ҳизби кор таҳти сарварии Гордон Браун дар интихоботи 6-уми май ҷои дуюмро гирифт ва Браун гуфтааст, дар сурати нокомии гуфтушуниди феълӣ ҳизби вай омодааст, бо либерал-демократҳо ҳукумати эътилофӣ ташкил кунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG