Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамла ба милисаҳои тоҷик дар марзи Қирғизистон


Ду корманди шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исфараи Тоҷикистон ва ронандаи мошини онҳо дар вилояти Ботканди Қирғизистон аз ҷониби ҷавонони маҳаллӣ мавриди латукӯб қарор гирифтаанд. Хабаргузориҳои қирғизӣ бо нақл аз хадамоти марзбонии кишвари худ навиштаанд, дар ҷавоб ба таъқиб ва ришвахоҳии милисаҳои тоҷик ронандаи қирғиз, ки аз Тоҷикистон ба кишвараш семент интиқол медодааст, аҳолии маҳаллии деҳаи Кӯктошро ба кӯмак хостааст. Издиҳоме иборат аз 30 то 40 ҷавон ба милисаҳо ва ронандаи онҳо ҳамла карда, дурудароз, онҳоро то расидани марзбонони қирғиз ва ба ҳаво тир андохтани онҳо, латукӯб кардаанд. Дар Вазорати корҳои дохилӣ ва Хадамоти марзбонии Тоҷикистон аз ин воқеа изҳори бехабарӣ карданд.
XS
SM
MD
LG