Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиш дар мағозаи "Ҳалол"-и Петербург


Дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия бар асари таркиш дар мағозаи "Ҳалол", воқеъ дар канори Масҷиди ҷомеъи шаҳр ду нафар маҷрӯҳ шуданд. Ба иттилоъи хабарнигори Радиои Озодӣ, ду ҷавон дари мағозаро кушода бо он ҷо норинҷак андохтанд ва фирор карданд. Дар ин ҳодиса ду нафар – як зану як мард ҷароҳат бардоштаанд. Тафтиши ҳодиса шурӯъ шудааст.
XS
SM
MD
LG