Пайвандҳои дастрасӣ

Коршикании умумӣ дар Юнони гирифтор ба мушкил


Парвози ҳавопаймоҳо ба Юнон ва аз Юнон муттавақиф шудааст ва муассисаҳои зиёди иҷтимоиву давлатӣ кор намекунанд, зеро ҳазорон нафар ба нишони эътироз аз барномаи давлат ҷиҳати коҳиши хароҷот коршиканӣ ва тазоҳурот мекунанд. Рӯзи сешанбе тазоҳургарон дар шаҳри Афина бо маъмурони амниятӣ бархӯрд карда ва вориди қалъаи бостонии Акрополис шуданд. Кормандони муассисаҳои давлатӣ ҳам коршикании 48 соата эълом кардаанд, зеро ҳукумати Юнон барои наҷоти кишвар аз муфлисӣ таҳти шароит аз Иттиҳодияи Аврупо ва Сандуқи Байналмилалии Пул 110 миллион евро кӯмак гирифтанист. Шарти дарёфти қарз, афзоиши молиёт, коҳиши ҳаққи бознишастагӣ ва қатъи афзоиши музди кор аст, ки ин хашми юнониҳоро барангехтааст.
XS
SM
MD
LG