Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Инфиҷор дар назди пойгоҳи НАТО дар Афғонистон


Имрӯз дар назди пойгоҳи нируҳои НАТО дар вилояти Хусти Афғонистон мошини бамгузоришудае мунфаҷир шуд. Вазорати дохилаи Афғонистон мегӯяд, дар ин ҳодиса як ғайринизомӣ кушта, 2 посбони дигари қарордодии Афғонистон кушта шудаанд. Инфиҷор дар маҳале рӯх дод, ки моҳи декабри соли гузашта як ҷосуси урдунӣ худро мунфаҷир сохт ва 7 корманди CIA-ро кушт. Сухангӯи Толибон иддао кардааст, ки масъулияти ин ҳамларо Толибон бар ӯҳда доранд.
XS
SM
MD
LG