Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздиди Обама аз маҳалли фалокати муҳитизистӣ


Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико мегӯяд, резиши нафт дар Халиҷи Мексика метавонад, ба як фалокати муҳитизистии “ғолибан бесобиқа” дар Амрико табдил шавад. Барак Обама, дар иёлати Луизиана сӯҳбат мекард, ки рӯзи 22 апрел дар наздикии он манораи нафткаш дар обҳои Халиҷи Мексика фурӯ рафт ва аз рахнаи лӯлаи нафткаш рӯзона ҳазорон литр нафт хориҷ мешавад. Барак Обама гуфт, барои бастани рахнаи лӯлаи нафт, зоҳиран рӯзҳои зиёде лозим хоҳад шуд. Вай ҳамчунин ширкати "Бритиш Петролиум", соҳиби манораи нафтиро гунаҳкори фалокат хонда гуфт, ширкат бояд пули поккории минтақа аз нафтро бипардозад. Раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида афзуд, резиши нафт, метавонад, ба иқтисоду муҳити зисти аёлатҳои Амрико дар Халиҷи Мексика, “осеби ҷиддӣ” бирасонад ва ба зиндагии ҳазорон нафар сокинони минтақа хатар эҷод кунад.
XS
SM
MD
LG