Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аскар Оқоев ба Қирғизистон бармегардад?


Мақомоти ҳукумати муваққати Қирғизистон мегӯянд, ба Аскар Оқоев, нахустин раиси ин ҷумҳурӣ иҷозат хоҳанд дод, то ба ватан баргардад. Омурбек Текебоев, муовини раиси ҳукумати муваққат гуфт, Оқоев ва аҳли хонаводааш ҳаққи бозгашт ба ватанро пайдо хоҳанд кард, вале танҳо баъд аз интихоботи парлумонии моҳи октябр.
Аскар Оқоев, ки феълан 65 сол дорад, соли 2005 баъди 15 соли раҳбарӣ дар натиҷаи эътирозҳое, ки ҳамчун “инқилоби лолаҳо” низ ёд мешавад, истеъфо дод ва тарки кишвар кард. Ӯ феълан дар Маскав ба сар мебарад ва дар як донишгоҳ аз риёзиёт дарс мегӯяд.
XS
SM
MD
LG