Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафорати Қирғизистон хостори истирдоди Боқиев мешавад


Сафорати Қирғизистон дар Минск изҳор намуд, ки аз мақомоти Белорус хостори истирдод Қурмонбек Боқиев ба Бишкек хоҳад шуд. Ишенгул Болҷурова, сафири Қирғизистон, гуфт, ки барои талаби истирдоди раисиҷумҳури барканоршуда пояи ҳуқуқӣ - ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ ва эълони ҷустуҷӯи ӯ зарур аст.
Дар ҳамин ҳол сарвари пешини Қирғизистон эълом дошт, ки барои кумак ба ҳукумати муваққат дар мавриди баргузории интихоботи қонунӣ омода аст. Рӯзи ҷумъа дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Минск ӯ бори дигар изҳор намуд, ки истеъфои худро қабул надорад ва аммо афзуд, ки ба Қирғизистон ба симати раисиҷумҳур баргаштанӣ нест. Ба гуфтаи Боқиев, то замоне, ки парлумон истеъфояшро напазируфтааст, ӯ сарвари Қирғизистон боқӣ мемонад. Раҳбари пешини Қирғизистон ҳамчунин аз он изҳори нигаронӣ кард, ки ду рӯз пеш яке аз бародаронаш дар шаҳри Ҷалолобод ғайб задааст.
Раисиҷумҳури барканоршудаи Қирғизистон дар нишасти хабарӣ гуфт, ки раҳбарони Русия Дмитрий Медведев ва Владимир Путин сиёсати хориҷии мустақилонаи Бишкекро хуш надоштанд ва, аз ҷумла, мустақаршавии пойгоҳи низомии Амрико, онҳоро нороҳат карда буд.
Ёдовар мешавем, ки Қурмонбек Боқиев бо даъвати раисиҷумҳури Белорус Александр Лукашенко вориди Минск шудааст.
XS
SM
MD
LG