Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

1,7 миллиард доллар зиёни ширкатҳои ҳавопаймоӣ аз вулқон


Конуни байнулмилалии нақлиёти ҳавоӣ мегӯяд, ширкатҳои ҳавопаймоӣ аз қатъи парвозҳо ба иллати партови вулқони Исландия ба камияш 1 миллиарду 700 миллион доллар зарар диданд. Мудири иҷроии ин созмон, Ҷованнӣ Бисайнӣ гуфт, ин зарар аз осеби ҳамлаҳои 11-уми сентябри соли 2001 ба Иёлоти Муттаҳида ҳам бузургтар будааст. Пас аз эҳёи кори фурудгоҳҳои Бритониё ҳоло фазои Аврупо барои парвозҳо комилан боз шуд. Наздик ба як ҳафта миллионҳо мусофир дар фурудгоҳҳо ба сар бурданд ва ё истифода аз нақлиёти дигарро авло донистанд.
XS
SM
MD
LG