Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзи интихоботи Қирғизистон эълон шуд


Ҳукумати муваққати Қирғизистон рӯзи баргузории назархоҳии умумӣ дар робита ба Қонуни нави асосӣ ва ҳамчунин рӯзи интихоботи порлумониро эълон кард. Муовини раиси ин ҳукумат, Омурбек Текебоев гуфт, референдуми қонуни асосӣ рӯзи 27-уми июн ва интихоботи порлумонӣ рӯзи 10-уми октябр баргузор хоҳанд шуд. Текебоев ҳамчунин хабар дод, ки фаъоли саршиноси ҳуқуқи башар Толейкан Исмоилова раиси Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсиҳои Қирғизистон таъин шудааст. Дар ин байн президенти барканоршуда Қурмонбек Боқиев дар шаҳри Минск гуфт, вай дар мақоми раисиҷумҳури қонунии Қирғизистон боқӣ мемонад ва аз сарони кишварҳои ҷаҳон даъват кард, ҳукумати муваққати Бишкекро, ки пас аз шӯриши 7-уми апрел қудратро ба даст гирифт, ба расмият нашиносанд.
XS
SM
MD
LG