Пайвандҳои дастрасӣ

Туркия мехоҳад дар байни Ғарб ва Эрон миёнарав бошад


Туркия гуфтааст, омодааст, дар ҳалли бумбаст миёни Ғарб ва Эрон рӯи барномаи ҳастаии Теҳрон миёнҷигарӣ кунад. Вазири умури хориҷии Туркия Аҳмад Довудоғлу дар ҷараёни сафараш ба Теҳрон гуфт, кишвараш метавонад бо фиристодани як бахше аз урани Эрон ба хориҷ барои ғанисозӣ ба эҳёи ҳалли дипломатии мушкил муосидат кунад. Вазири умури хориҷии Эрон Манучеҳри Муттакӣ, ки дар нишасти хабарии муштарак ҳузур дошт, ба ин пешниҳод вокуниш нишон надод. Ғарб Эронро айбдор мекунад, ки ҳадафаш аз барномаи ҳастаӣ таслиҳотист, вале Теҳрон ҳамеша ин иттиҳомро рад кардааст.
XS
SM
MD
LG