Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Toyota пардохти ҷаримаро ба гардан гирифт


Ширкати ҷопонии "Тойота" ба пардохти 16 миллиону 400 ҳазор доллар ҷарима ба ҳукумати Иёлоти Муттаҳида розӣ шуд. Ин товонест барои он ки ширкат аз мавҷудияти нуқси хатарнок дар фишанги суръати автомобилҳои худ иттилоъ надодааст. Ширкат мегӯяд, ба иллати қатъи муҳокимаҳои додгоҳӣ ба пардохти ин ҷарима ризоият додааст, вагарна худро дар нақзи қонун айбдор намешуморад. Дар зимн, ин бузургтарин ҷаримаи ширкати мошинсозӣ дар таърихи Амрикост. "Тойота" бозхости 2 миллиону 300 ҳазор мошини тамғаи "Камрӣ" ва "Каролла"-ро дар Амрико ба иллати нуқси мазкур эълон кардааст. Теъдоди мошинҳои ноқис дар саросари ҷаҳон зиёда аз 8 миллион адад аст.
XS
SM
MD
LG