Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Басташавии роҳи Душанбе-Хоруғ бар асари боришоти зиёд ва обхезӣ дар минтақаи Шӯрообод вилояти Бадахшонро дар бунбасти нақлиётӣ қарор дода, боиси болоравии нарху наво дар ин минтақа шудааст.

Бино ба иттилои ситоди ҳолатҳои фавқуллодаи Бадахшон, масири Душанбе-Хоруғ аз рӯзи 11 апрел боз пас аз харобшавии пули болои дарёчаи Шӯрообод аз сел барои ҳаракати нақлиёт баста шудааст.

Сардори шӯъбаи ситоди ҳолатҳои фавқуллодаи Бадахшон Мунаввар Мирзомустақимов баён дошт, ки барқарор намудани пул маблағ ва вақти зиёд талаб мекунад ва аз ин рӯ бо тасмими мақомот роҳи Кӯлоб-Дарвоз муваққатан баста шуда, қарор аст, ҳаракати нақлиёт тавассути ағбаи Хобурубот фаъол шавад.

Вай гуфт, ба ин мақсад 4 булдозер ба тоза намудани ағба аз сел, лойоба ва барф сафарбар гардидааст ва интизор меравад, ки пас аз чанд рӯз ағба боз шавад.

Дар ҳамин ҳол дар Хоруғ нархи масолеҳи сохтмонӣ ва маводи ғизо якбора рӯ ба боло оварда, бархе аз навъҳои маҳсулот камёфт гардидаанд. Ба гуфтаи тоҷир Аслиддин Баҳромов, қатъи воридоти масолеҳи сохтмонӣ боис шудааст, ки нархи як халта семент аз 50 сомонӣ то 61 боло рафтааст.

Замон Азизбеков, як сокини шаҳр, мегӯяд, ки нархи сабзавот ва бархе аз намудҳои маҳсулот, ба мисли караму мандарин ва гӯшти мурғ, дар бозор камёфт шудааст.

Ба вазъи бозор дар Хоруғ ҳамчунин муваққатан баста будани роҳи нақлиётии Хоруғ-Уши Қирғизистон ва ҳануз кушода нашудани гузаргоҳи байни Тоҷикистону Чин дар Қулма таъсир расондааст.

Аммо бархе аз мусофироне, ки бо заврақ аз об гузашта ба Хоруғ омадаанд, мегӯянд, ки дар нуқоти фурӯши наздик ба маҳалли офат дар Шӯрообод бо истифода аз мушкили мусофирон бозори фурӯшандагон тафсон буда, нархи нон ва шурбо то даҳ сомонӣ расидааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG