Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди амалкарди ҳукуматҳои Аврупо


Иттиҳодияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ, мегӯяд, ҳукуматҳои Аврупо дар арзёбии мизони хатари абри хокистари вулқон, ки кори ширкатҳои ҳавонавардиро баҳам зад, бисёр ғайриҳирфаӣ амал кардаанд. Ҷованӣ Бисигнанӣ, раҳбари иттиҳодия гуфт, амалкарди онҳо “бидуни арзёбии хатар, машварат ва раҳбарӣ” будааст. Вай хостааст, баъди дарёфти натиҷаҳои парвозҳои озмоишӣ, бояд қаламравҳои ҳавоӣ дар наздиктарин фурсат барои парвоз боз шавад. Тайи панҷ рӯз аст, ки бисёре аз қаламравҳои ҳавоии кишварҳои аврупоӣ, бинобар паҳн шудани хокистари як вулқони фаъол дар Исландия баст мемонад. Бар асари мутаввақиф шудани парвози ҳавопаймоҳо, тайи ин рӯзҳо, 6 миллиону 800 ҳазор нафар мусофир банд мондаанд. Арсаи ҳавопаймоӣ ҳар рӯз тақрибан 200 миллион доллар зиён медидааст.
XS
SM
MD
LG